Эълон! Нишасти матбуотӣ дар Консерватория имиллии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонем, ки тибқи «Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти соли 2025», ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, 3-юми феврали соли 2026, соати 09:00 дар конфронс-толори Консерватория имиллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (ш.Душанбе, кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзода-155, ошёнаи 2), нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Барои маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди саволҳо метавонед ба Маркази иттилоотии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов муроҷиат намоед.
Тел.: (+992 37) 227-60-29; 221-93-12, (+992) 93 591 0281.
