
Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ: Шарифзода Лутфуллои Абдулло
Шарифзода Лутфуллои Абдулло аз моҳи марти соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Унвон: Номзади илмҳои филологӣ (2023)
Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории мавсуф ба рушди илми филология, такмили сатҳи таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмии муассиса равона гардидааст.
Фаъолияти касбӣ:
- Солҳои 2016–2018 – Омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24, шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2018–2023 – Омӯзгор, омӯзгори калони кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Солҳои 2020–2025 – Мудири кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Аз марти соли 2025 то ҳол – Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ.
Дар доираи фаъолияти худ Шарифзода Лутфуллои Абдулло ба рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҳамкориҳои хориҷӣ саҳми арзанда мегузорад.
Маълумот барои тамос:
Телефон: 2274003, 985868646
E-mail: sharifzodal@mail.ru
