Таҷлили “Рӯзи Дониш” дар Консерваторияи миллӣ

Posted Mon, 31/08/2026 - 12:23
By admin
Рӯзи Дониш

Дар Консерваторияи миллӣ санаи 31-уми августи соли 2026 “Рӯзи дониш” ботантана таҷлил карда шуд. Тамоми ҳайати омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллӣ дар Толори калон ҷамъ омада, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоновро бо аҳли маориф ба муносибати “Рӯзи дониш” бо руҳияи баланд тамошо намуданд. Дар ин рӯз “Дарси сулҳ” бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби навбунёди рақами 105 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мо дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфтанд. Пешвои миллат ҳамчунин худсолонеро, ки бори нахуст ба синфи яки мактаб мераванд, самимона табрик гуфта, барояшон таҳсилот дар фазои суулҳу оромӣ орзу намуданд. Тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд, танҳо ба туфайли Истиқлоли давлатӣ мо тавонистем таҳсилоти дараҷаҳои миёна ва олии ҷумҳуриро ба сатҳи байналмилалӣ расонем. Дар 9 соҳи соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 мактаб сохта ва ба истифода дода шуд ва ин мактаби тозабунёд барои 2400 нафар хонанд бо риояи тамоми талаботи таҳсил сохта шудааст.

Ба идомаи суханрониҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, сулҳу озодӣ бузургтарин неъмат ва дастоварди миллати сарбаланди мо ва мактабу маориф чароғи зиндагӣ ва асоси пешрафти ҷомеа мебошанд.

Ҷавонони сарбаланду соҳибихтисоси мо сарвати асосии давлати ва ояндаи шукуфои ҷомеа мебошанд. Аз ин хотир, Пешвои миллат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки забонҳои хориҷиро омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд ва ояндаи дурахшони худро таъмин созанд.

Мулоқоти мазкур хеле хотирмон баргузор шуд ва ба ҳар як иштироккунанда таъсироти амиқ гузошт.