Филми «Пешво аз қалби мардум»
Филми мустанади «Пешво аз қалби мардум», ки аз ҷониби Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба намоиш гузошта шуда, дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд.
Яке аз тамошобинони филм Раҷаб Сафаров иброз дошт, ки нахустнамоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар ҳаёти муосири мардуми тоҷик воқеан рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ӯ, филм бо мазмуну муҳтавои таъсирбахш дар зеҳну хотири тамошобин нақши амиқ гузошта, инсонро ба андешаю таҳлил водор менамояд.
