Хазинаи китобии Консерватория ғанӣ гашт

Posted Fri, 01/05/2024 - 12:21
By admin

4 январи соли 2024 ба китобхонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон17 намуд маводи таълимӣ туҳфа карда шуд.

Дар байни онҳо китобҳои дарсӣ, маводи нотавӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои таълимӣ, хрестоматияҳо барои донишҷӯён ва дигар маводи таълимии соҳаи мусиқӣ буданд.

Бояд зикр кард, ки ин бори дувум аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи таҳиягардидаи устодони Консерваторияро нашр намуда, барои истифода дар раванди таълим пешниҳод менамояд.