
Шуъбаи иттилоот
Шуъбаи иттилоот тибқи қарори ҷаласаи шурои олимони Консерваторияи миллӣ моҳи январи соли 2026 таъсис ёфтааст. Шуъбаи мазкур то таъсисёбӣ дар тобеияти Маркази иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Консерватория қарор дошт.
Вазифаҳои шуъбаи иттилоот аз баррасӣ ва таҳлили ҳамарӯза ва фаврии иттилоот, ҷамъоварии маводи муҳим ва нав баҳри мукаммалгардонии тамоми бахшҳои фаъолияти Консерватория, назорат ва баррасии ҳамарӯзаи фаъолияти фарҳангии ҷумҳурӣ, таҳияи саривақтии эълонҳои баргузории чорабиниҳои Консерватория ва гузоштани онҳо дар сомона, таҳияи мактубҳои иттилоотӣ ба мақомоту муассисаҳои марбута баҳри иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳагии Консерватория ва сабту пахши пайвастаи онҳо иборат аст.
Мудири шуъба Шодиев Ҳайбатулло Абдуллоевич
Фаъолияти корӣ:
- Солҳои 1983–1991 – Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети Забонҳои Осиё ва Аврупо.
- Солҳои 204–2013 – Корманди Маркази тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2013–2015 – Корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2015–2019 – Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва муратттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2020 –2025 – Мудири шуъбаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
- Аз январи соли 2026 то ҳол – Сардори шуъбаи иттилооти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
Маълумот барои тамос:
Тел: (+992) 935910281, 007661007
Email:shis1965@mail.ru
