Ҷаласаи комиссияи мандатии Консерваторияи миллӣ
Санаи 25-уми августи соли 2026 дар Консерваторияи милии Тоҷикистони ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷаласаи комиссияи мандатӣ оид ба натиҷаи қабули довталабон дар соли таҳсили 2026-2027 баргузор шуд.
Ҷаласаро ректори Консерваторияи миллӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ифтитоҳ намуда, ба довталабон ва падару модарони онҳо, ки Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро ба ҳайси муассисаи олии таълимӣ баҳри таҳсил ва соҳиб шудан ба ихтисосҳои соҳаи санъат интихоб намудаанд, изҳори сипос намуд.
Мавсуф ҳамчунин оид ба таърихи Консерватория миллӣ, шароити таҳсил дар он, талаботи таҳсил, оид ба шароити иқомат дар хобгоҳи консерватория сухан ронд.
Ба идомаи ҷалассаи комиссияи мандатӣ, котиби масъули комиссияи қабул, ноиби ректор оид ба таълим, и.в. дотсент Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол оид ба натиҷаи кори комиссияи қабули довталабон дар соли таҳсили 2026-2027 ба таври муфассал сухан ронда, иброз намуд, ки Комиссияи қабул тибқи нақшаи тасдиқшуда фаъолияти худро оид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба роҳ монд.Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда тибқи талаботи муқарраргардида мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Тибқи нақша ва эълони қабули довталабон комиссияи қабул кори худро аз 20-уми июни соли 2026 оғоз намуд. Нақшаи қабули донишҷӯён тибқи мактуби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян гардид: 61 ҷойи ройгон ва 50 ҷойи шартномавӣ барои шуъбаҳои рӯзона ва 53 ҷойи шартномавӣ барои шуъбаҳои ғоибона (фосилавӣ), дар мавҷуъ 164 нафар, ки аз ин ҳисоб 9 ҷой барои маълумоти дуюм пеешбинӣ гардидааст.
Дар ҷаласаи имрӯзаи комиссияи қабул 93 нафар дохилшавандагони шуъбаҳои рӯзона ва 72 нафар ба шуъбаҳои фосилавӣ тавсия шуданд. Ҳамчунин, ба комиссияи қабул 43 нафар шаҳрвадони хориҷӣ низ ҳуҷҷат супорида буданд ба комиссияи мандатӣ пешниҳод гардиданд.
Имсол ба комиссияи қабули Консерваторияи миллӣ 16 нафар хатмкунандагони МИМММҶ ба номи З. Шаҳидӣ, 8 нафар хатммкунандагони МИММСҶ ба номи М. Атоев, 19 нафар хатмкунандагони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов, 3 нафар аз Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К. Қурбонов, 1 нафар аз Коллеҷи санъати ноҳияи Рӯдакӣ ба номи П. Буйдоқов ва 75 нафар аз мактабҳои санъат ва миёна ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин шумора14 нафар довталабонғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” мебошанд.
Шумораи дохилшавандагони соли таҳсили 2026-2027 дар таносуб ба минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст:
шаҳри Душанбе – 47 нафар;
НТМ – 23 нафар;
вилоятиХатлон– 33 нафар;
вилоятиСуғд– 8нафар;
ВМБК– 11 нафар.
Аз шумораи умумии дохилшавандагон 128 нафарро писарон ва 37 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
