Хушхабар!
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баҳри дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан, ба Пешвои миллат тарбияи намудани ҷавонон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Иштироки роҳбарият ва донишҷӯён дар маросими ҷоизасупории
ташкилоти чамъиятии "Пайравони Пешвои Миллат".
Чанде қабл донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ Содиқзода Забиҳулло ва Меликов Яъқубҷон, ки аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи майи соли 2026 дар Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар Маҳфили омӯзишии “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, таҳсилро бомуваффақият ба анҷом расонида, бо фармоиши раиси ташкилоти мазкур аз 01.06.2026, таҳти № 01 соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Ҷавонони мазкурро бо дарёфти шаҳодатномаи мазкур табрик гуфта, дар корҳои иҷтимоию сиёсиашон барору комёбиҳо мехоҳем.
