Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо ширкати Чинӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Posted Wed, 02/09/2026 - 18:03
By admin
созишномаи ҳамкорӣ бо Чин

Имрӯз, 2 сентябри соли 2026, бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил, байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва ширкати сармоягузории таълимии «Shandong Linghui Education Investment Co., Ltd.» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишнома аз ҷониби Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур Давлат ва Директори генералии ширкати «Shandong Linghui Education Investment Co., Ltd.» Ванг Тсуй Тсуй имзо шуд.

Тибқи санади мазкур, ҷонибҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Консерватория ва рушди ҳамкориҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ин иқдом баҳри таҳкими робитаҳои байналмилалии Консерватория ва муаррифии имкониятҳои таҳсилот дар бахшҳои гуногуни санъати мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.