Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 04/18/2023 - 09:47
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№196) аз 10 майи соли 2003 дар заминаи факултети иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфтааст. Нахустин ректори Консерватория композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов таъйин гардид.
31 октябри соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№533) «Дар бораи абадӣ гардондани хотираи композитори маъруфи тоҷик Талабхӯҷа Сатторов» Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» номгузорӣ карда шуд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ягона мактаби олиест, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд.
Дар Консерватория тибқи равияҳои асосии мусиқии касбии тоҷик се факултет:
факултети иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик),
факултети мусиқии суннатии тоҷик (асосан дар асоси “Шашмақом” ва “Фалак”),
факултети санъати мусиқии эстрадӣ (равияҳои муосири мусиқии тоҷик),
13 кафедра:

  1. кафедраи композитсия ва созбандӣ;
  2. кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ;
  3. кафедраи фортепианои тахассусӣ;
  4. кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор;
  5. кафедраи созҳои оркестрӣ;
  6. кафедраи созҳои халқӣ;
  7. кафедраи сарояндагии анъанавӣ;
  8. кафедраи мутрибони анъанавӣ;
  9. кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ;
  10. кафедраи режиссураи овоз;
  11. кафедраи фортепианои умумӣ;
  12. кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ;
  13. кафедраи забонҳо

ва 10 раёсату шуъбаҳо: 

  1. раёсати таълим;
  2. шуъбаи ғоибона ва такмили тахассуси кормандон;
  3. шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон;
  4. шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
  5. шуъбаи иттилоот;
  6. шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  7. шуъбаи тайёрӣ;
  8. раёсати кадрҳо ва корҳои махсус;
  9. шуъбаи коргузорӣ;
  10. раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ ва иқтисод

фаъолият доранд.

Таҳсил дар муассисаи мазкур аз рўйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд. Ҷараёни таҳсил дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ амал намуда,  донишҷӯён аз рӯйи 13 ихтисоси зерин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:

1-170303-01 Санъати эстрадӣ (мусиқии созӣ);
1-170301-03 Санъати эстрадӣ (сарояндагӣ);
1-210402-01 Санъатшиносӣ-Мусиқишиносӣ;
1-160103 Фортепиано;
1-160104 Асбобҳои созии камончадор (созҳои камонӣ аз рӯйи самтҳо);
1-160106 Асбобҳои нафасӣ (созҳои нафасӣ аз рӯйи самтҳо);
1-160108 Асбобҳои халқии тории мизробӣ-зарбӣ (созҳои халқӣ (аз рӯйи самтҳо);
1-160108 Асбобҳои халқии тории мизробӣ-зарбӣ (аз рӯйи самтҳо) “навозандагии суннатӣ”;
1-160110-01 Сурудхонӣ (академӣ) «Сарояндаи академӣ»;
1-160110-02 Сурудхонӣ (халқӣ) “Сарояндагии анъанавӣ”;
1-160102-01 Дирижёрӣ (опера ва симфония);
1-160102-02 Дирижёри (хори академӣ);
1-160101 Композитсия;
1-170102-15 Режиссура (ороиши овоз).

Дар Консерваторияи миллӣ таҳсил дар чунин ихтисосҳои докторантура (PhD)  низ ба роҳ монда шудааст:

6D040100 Мусиқишиносӣ (Доктор PhD)
6D040400 Санъати мусиқии анъанавӣ (Доктор PhD)
6D040200 Иҷрокунандагии созӣ (Доктор PhD)
6D040300 Санъати вокалӣ (Доктор PhD)
6D040800 Санъати эстрадӣ (Доктор PhD).

Консерватория бо чандин консерваторияҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлатҳои ИДМ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст:

Консерваторияи давлатии ш. Екатеринбурги ФР;
Консерваторияи давлатии ш. Москва ба номи П. И. Чайковский;
Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ш. Тошкант;
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Москва;
Академияи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Челябинск;
Консерваторияи миллии ш. Новосибирск ба номи М. И. Глинка;
Донишгоҳи фарҳанг ва санъати ш. Вангени Олмон;
Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Курмангази, ш. Алмаато;
Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К. Молдобасанов, ш. Бишкек;
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Чуваши ФР, ш. Чебоксари;
Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, ш. Москва;
Академияи мусиқии Украина, ш. Киев;
Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Озарбойон, ш. Боку.