Таҷлили 110-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ
Имрӯз дар Консерваторяи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 110 солагии композитори маъруфи тоҷик, устоди зиндаёд Зиёдулло Шаҳидӣ консерти ҷашнӣ барпо гардид.
Дар меҳмонии мо устодону ҳунармандони машҳури тоҷик ва писари устод, давомдиҳандаи касби падари хеш, композитори шинохта Толибхон Шаҳидӣ ҳузур доштанд.
Нахуст, ректори консерватория Достизода Миралӣ кулли меҳмононро пазироӣ карда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ маърӯза ироа намуданд.
Устод хоссатан қайд карданд, ки дар таърихи мусиқии тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки онҳоро метавон асосгузорони санъати мусиқии касбии Тоҷикистон номид, зеро маҳз бунёди аввалин оҳангҳои касбии мусиқӣ ба онҳо мансуб буда, ҳунарашон нотакрор, барҷаста ваба санъати халқи тоҷик зич тавъам аст.
Зиёдулло Шаҳидӣ шахсияти ба маънои томаш бузургу нотакрор аст, ки дар пойгаҳи ба вуҷуд омадани мусиқии композиторӣ истода, дар рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбии тоҷик ҷойгоҳ вануфузи махсусро касб кардааст.
Дар идомаи ин гуфтаҳо, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мӯсозода Амирбек аз ёддоштҳо ва хотираҳои устодони санъат дар бораи эҷодиёти бой ва рангини Зиёдулло Шаҳидӣ сухан карданд.
Дар барномаи консертӣ суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ дар иҷрои устодон ва донишҷӯёни Консерватория, ҳамчунин хатмкардагони ин даргоҳи ҳунар – ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ садо доданд.