Пирӯзӣ муборак!
Имрӯз дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тамоми кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст ки дар ин озмун дар номитатсияи “Беҳтарин суруди ҳамсароён” сардирижёри оркестри симфонии Консерваторияи миллӣ Бахтовар Давлатов барандаи ҷойи аввал ва декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Бурҳонов Манучеҳр дар номинатсияи “Беҳтарин суруди ҳамсароён”сазовори ҷойи дуюм ва инчунин дар номинатсияи “Суруди беҳтарин” Сатторова Нилуфар сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ғолибонро бо ин пирӯзӣ дар чунин озмуни бошукуҳ табрик гуфта, барояшон дар оянда баҳри пеш бурдани санъати асили тоҷик барору комёбиҳо хоҳонем
