Имтиҳоноти аттестатсияи хатм дар бахши магистратура
Санаи 02.06.2026, соати 9 имтиҳоноти аттестатсияи хатм дар бахши магистратура, ихтисоси санъатшиносӣ-мусиқишиносӣ баргузор шуд. Дар имтиҳони мазкур хатмкунандаи кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, ихтисоси мусиқишиносӣ Раҳмонова Гулбону имтиҳонро аз фанни ихтисос (роҳбар: доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат бо баҳои “аъло” супорид.
Ба идомаи баргузории аттестатсияи хатм, соати 10 ду нафар хатмкунандагони кафедраи фортепианои тахассусӣ, ихтисоси фортепиано Қодирова Карина ва Убайдуллаева Дилрабо (роҳбарон: омӯзгори калон Саодатова Парасту ва омӯзгор Сайфиддинов Беҳрӯз) ҳангоми супоридани имтиҳон аз фанни ихтисос аз худ маҳорати баланд нишон дода, имтиҳонҳоро бо баҳои “аъло” ҷамъбаст намуданд.
Ба магистрантон дар супоридани имтиҳоноти аттестатсияи хатм барор мехоҳем.
