Эълон! Консерт-имтиҳони давлатии композитсия
Санаи 8-уми июни соли 2026, соати 11:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерт-имтиҳони давлатии хатмкунандаи шуъбаи композитсия Лутфуллои Раҳматулло (синфи омӯзгор Бахтиёр Убайдзода) баргузор мегардад. Дар консерти мазкур МД «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дирижёр: Далер Тиллоев); оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев (дирижёр: Лутфуллои Раҳматулло); ансамбли эстрадии консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (роҳбар: Ҷӯрабек Умаров) иштирок мекунанд.
Алоқамандонро баҳри фароғати хушу гуворо ба консерт даъват менамоем!
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 155 (ошёнаи 1).
Даромад озод аст.
