Комёбии Консерваторияи миллӣ дар озмуни байналмилалии «Dolcissimo»

Posted Wed, 26/08/2026 - 18:36
By admin
 озмуни байналмилалии «Dolcissimo»

Боиси хушнудӣ ва ифтихори тамоми аҳли кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст, ки ҳайати Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ таҳти роҳбарии устод Ҷӯрабек Умаров дар 8-умин озмуни байналмилалии «Dolcissimo», ки ба таври маҷозӣ (онлайн) аз 14 то 24-уми июли соли 2026 дар Испания баргузор гардид, фаъолона ширкат варзид.

Дар ин озмуни байналмилалӣ донишҷӯи соли чоруми ихтисоси навозандагии эстрадӣ (скрипка) Шарифзода Каёнуш ва Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ бо дипломи барандаи ҷойи аввал сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, роҳбари Оркестри эстрадии Консерваторияи миллӣ устод Ҷӯрабек Умаров барои саҳми арзанда ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

Пирӯзии намояндагони Консерваторияи миллӣ дар чунин озмуни бонуфузи байналмилалӣ далели равшани сатҳи баланди омодагии касбӣ, маҳорати эҷодӣ ва иқтидори ҳунарии омӯзгорону донишҷӯёни муассиса мебошад.

Ғолибонро ба ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ пирӯзиҳои наву комёбиҳои бештар ва ба устод Ҷӯрабек Умаров дар тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод ва баландихтисос барору муваффақиятҳои пайваста таманно дорем.

Пирӯзӣ дар озмуни байналмилалӣ муборак бошад!