Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Дар даври якуми озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»