Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон 44 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд

Posted Sun, 02/18/2024 - 17:31
By admin
 Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 44 шаҳрванди хориҷӣ аз Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Дар ин хусус 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Консерватория 377 донишҷӯ аз рӯйи 13 ихтисос бо низоми кредитӣ таҳсил менамоянд.

Миралӣ Достизода изҳор дошт, ки бахши тарбия ва эҷоди Консерватория самти асосии фаъолияти муассиса ба ҳисоб рафта, дар ин давра зиёда аз 60 барномаи фарҳангиву тарбиявӣ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Консерватория шумораи зиёди донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони боистеъдод дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азиз ман» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоян гардиданд. Аз 25 иштирокчӣ дар даври ниҳоӣ 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 12 нафар ғолиби озмун ва 12 нафар соҳиби диплом гардиданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,

Манбаъ: АМИТ «Ховар»