Фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар соли 2025 натиҷагирӣ шуд
2 январи соли 2026 аз соати 14:00 то 16:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷаласаи ҳисоботӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2025 баргузор гардид. Ҷаласа тибқи Ҷадвали баргузории ҳисоботҳои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, доир гашт. Дар кори ҷаласа Ҳаётзода Алиакбар Бекназар – сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Баҳодур Давлат – ректор, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати кормандону омӯзгорони Консерваторияи миллӣ иштирок намуданд.
Нахуст ҳисоботи ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, и.в. профессор Давлатзода Б.Д. оид ба ҷамъбасти соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 шунида шуд. Таъкид гардид, ки соли 2025 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ соли воқеан таърихӣ буд, зеро бо шарофати заҳматҳои содиқона, нақшаву ниятҳои пешбининамудаи раёсати Консерваторияи миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, боло бурдани сифати корҳои эҷодию иҷрокунандагӣ ва иштироки фаъолона дар фестивалу симпозиумҳо, конференсияву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Самтҳои асосии фаъолият
Ректори Консерваторияи миллӣ дар аввал таъкид намуд, ки фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар соли 2025 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ба баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодиву иҷрокунандагӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардид.
Гуфта шуд, ки Консерваторияи миллӣ дар низоми кредитӣ фаъолият намуда, омодасозии мутахассисонро аз рӯйи
· 13 ихтисос дар зинаи бакалавриат,
· 14 ихтисос дар зинаи магистратура,
· 5 ихтисос дар зинаи докторантура (PhD)
ба роҳ мондааст.
Дар соли ҳисоботӣ шумораи умумии донишҷӯён ба 432 нафар расида, нисбат ба соли гузашта 54 нафар (15%) афзоиш ёфт. Аз ин шумора:
· 401 нафар бакалавр,
· 27 нафар магистр,
· 4 нафар докторанти PhD мебошанд.
Афзоиши шумораи донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ (65 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, Қумҳурии Мардумии Чин ва Олмон)-ро ректори Консерваторияи миллӣ, нишондиҳандаи баланд шудани нуфузи байналмилалии муассиса арзёбӣ намуд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон
Ректори Консерваторияи миллӣ таъкид намуд, ки дар соли ҳисоботӣ шумораи умумии кормандон 307 нафар-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 5% зиёд шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорон бо ҷалби олимон ва мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла омӯзгорони хориҷӣ, фаъолияти таълимиро дар сатҳи касбӣ таъмин намуд.
Ёдовар шуд, ки дар аттестатсияи хатм 60 нафар донишҷӯёни зинаи бакалавриат иштирок намуда, аксари онҳо бо натиҷаҳои хубу аъло имтиҳонҳои давлатиро супориданд. Шумораи хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 10% афзуд.
Фаъолияти илмӣ ва нашри маводи илмӣ ва таълимӣ
«Дар соли 2025:
· 27 чорабинии илмӣ,
· 61 мақола (30 илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда),
· 9 китобу маводи илмӣ-таълимӣ,
· 17 дастури таълимӣ-методӣ
омода ва ба чоп тавсия гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаи назаррас маҳсуб меёбад» – таъкид намуд ректори Консерваторияи миллӣ.
Дастовардҳои эҷодӣ ва озмунҳо
Ёдовар шуд, ки дар соли 2025 устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона доштанд. Танҳо дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 нафар донишҷӯ ғолиб гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 50% зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дастовардҳои назарраси омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Узбекистон, Россия, Испания ва Қазоқистон, ки дар соли ҳисоботӣ ба даст омаданд, аз ҷониби ректори Консерваторияи миллӣ таҳлил ва натиҷагирӣ шуд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
«Дар соли 2025 ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассиса ба шумор мерафт. «Консерваторияи миллӣ бо зиёда аз 14 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, вохӯриҳо, дарсҳои маҳорат, консертҳои муштарак ва табодули академӣ баргузор гардиданд» – таъкид намуд ректори Консерватория.
Ёдовар мешавем, ки имзои созишномаҳо бо муассисаҳои бонуфузи Россия, Озарбойҷон, Чин ва Узбекистон имкониятҳои нави рушди таълимӣ ва эҷодиро фароҳам оварда, барои рушди Консерваторияи миллӣ дар солҳои баъдӣ мусоидат хоҳат намуд.
Фаъолияти хоҷагидорӣ ва базаи моддӣ-техникӣ
Ректори Консерваторияи миллӣ дар соли ҳисоботӣ корҳои таъмиру тармим, беҳтарсозии шароити таълимӣ, таъмини бехатарӣ, омодагӣ ба зимистон ва беҳдошти хобгоҳи донишҷӯёнро низ баррасӣ намуда, дар инсамт дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани корҳои назаррасро таъкид намуданд.
Ҳамин тавр, натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти худро дар ҳамаи самтҳо – таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ ва байналмилалӣ – муназзам ва самаранок ба роҳ мондааст. Афзоиши нишондиҳандаҳои сифатӣ, густариши ҳамкориҳои хориҷӣ ва муваффақиятҳои донишҷӯён далели рушди устувори муассиса мебошанд.
Дар фарҷоми ҳисобот, таъкид шуд, ки Консерваторияи миллӣ бо такя ба таҷрибаи 22-солаи худ ва дастовардҳои мавҷуда барои татбиқи нақшаҳои нав ва иҷрои вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2026 омодагии комил дорад.
Дар бахши музокира ва баррасии ҳисоботи ректор мудири кафедраи композитсия ва созбандӣ Убайдзода Б.А., декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ Исломов Н.Қ., и.в. дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Назриев И.А., профессори кафедраи созҳои халқӣ Қурбониён Қ. ва сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода А.Б. баромад намуда, ҳисобти ректори Консерваторияи миллиро дар соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ дипломҳо ба устод Файзалӣ Ҳасан, ки ба унвони илмии профессор ва Олимзода Хосият, ки ба унвони илмии дотсент ба тозагӣ аз ҷониби КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, супорида шуд. Ҳамзамон ба омӯзгорони Консерваторияи миллӣ Қосимова Фирӯза ва Умаров Ҷӯрабек, ки ба наздикӣ китоби онҳо - "Аснсамблҳои фортепианоии бачагона бо савту навоҳои тоҷикӣ" тавассути нашриёти "Истеъдод" ба нашр расид ва дар озмуни «Санъати китоб» - XXII-умин озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар номинатсияи «Китоб барои кӯдакон ва наврасон» дар шаҳри Москав сазовори дипломи дараҷаи II гардид, супорида шуд.
Дар поёни маҷлис вобаста ба рӯзномаи маҷлис ва тадбирҳо барои соли 2026 бо қарорҳои мушаххас тасдиқ гардид.
Гузориши Л. Шарифзода Lutfullo Sharifzoda

