Идомаи кори конференсия
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ пас аз ҷаласаи ифтитоҳӣ кори худро дар бахшҳо идома дод. Дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идомаи конференсияи илмӣ бо иштироки васеи омӯзгорон, донишҷӯён, мусиқишиносон ва муҳаққиқони зери роҳбарии доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов доир гардид.
Дар ин бахш маърузаҳои пурмуҳтавое, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни мусиқии суннатӣ, классикӣ ва муосири тоҷик буданд, шунида шуданд.
Маърузаҳои асосии бахш:
Дар раванди конфронс олимон ва мутахассисони зерин бо таҳқиқоти худ баромад намуданд:
Аз ҷумла, Давлатзода Б.Д. – н.и.с., дотсенти кафедраи созҳои халқӣ “Вижагиҳои таълими сози дутор дар муассисаҳои муосири таълимии Тоҷикистон («устод-шогирд»дар эргономикаи муосир)»; Саидҳомидов С. –и.в. дотсенти кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқии ДДФСТ баноми М. Турсунзода. «Ҳифз ва рушди анъанаҳои мусиқии миллӣ дар шароити Истиқлол»; Орипова У.Н. – омӯзгори калони кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ. «Развитие жанра инструментального концерта в творчестве композитора Кудратулло Яхёзода»; Абдуллозода Э.А. – омӯзгори калони кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ. «Хусусиятҳои жанрии суруд дар даврони Истиқлоли давлатӣ (дармисолиосоривокалииШуҳратАшӯров)»; БурҳоновМ.Р. –докторанти PhD соли 3-юмикафедраи сарояндагии анъанавӣ. «Саҳми Файзалӣ Ҳасан дар рушди суннати ғазалхонӣ»; Солеҳзода Д.В. –докторанти PhD соли 1-уми кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ. «Стилистические особенности хорового творчества Талабхуджа Сатторова (на примерах песен «Душанбе» и «Баҳори Ватан»)»; Мизробова Н.Н. – унвонҷӯи кафедра, мудири шуъбаи фортепианнои умумии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов.«Стилевые особенности Якуба Сабзанова в опере «Бозгашт»; Мародасейнов П.Р. – омӯзгори калони шуъбаи мусиқишиносии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов. «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов»; Раҳмонова Г.А. –магистрантисоли 2-юм, омӯзгори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ. «Талқини оҳангҳои халқӣ дар операи«Бибӣ ва Бобо»-и Самуил Урбах»; Шоев А.Ш. – омӯзгори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ. «Чанд мулоҳизаи танқидӣ дар бораи китоби «Маърифати гумшуда»; Бобоев Ш.Н. – омӯзгори калони шуъбаи фанҳои назарияи мусиқии МИММСҶ ба номи М. Атоев. «Муаммои таълими фанни Таҳлили асарҳои мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи махсуси мусиқӣ»; Убайдзода Б.А. – омӯзгори калони кафедраи композитсия ва созбандӣ. “Талқини жанри силсилаи хурди полифонӣ дар асоси мусиқии халқӣ аз диди композитор Фирӯз Баҳор (дар доираи бузургсилсилаи 24 прелюдия ва фуга«Нақши паранд»); Мухитдинова Д. – донишҷӯи соли 3-юмиихтисоси мусиқишиносӣ.«Восточные мотивы в произведениях А. Бородина»; Ҳамроева Т. – донишҷӯи соли 3-юмиихтисоси мусиқишиносӣ (фосилавӣ). «Операи Рӯдакӣ дар саҳнаи Қалъаи Хуҷанд»; Масаидова А. – донишҷӯи курси 1-ум иихтисоси мусиқишиносӣ (фосилавӣ). «Саҳми оркестри камеравии шаҳри Хуҷанд дар рушди мусиқии муосир»; Асророва С. – донишҷӯи соли 3-юм иихтисоси мусиқишиносӣ (зинаи бакалавр). «Осори Амон Ҳамдамов барои оркестри созҳоимиллӣ».
Баромадҳои ҷавонон ва муҳаққиқони навқадам:
Инчунин, донишҷӯёни соҳаи мусиқишиносӣ бо маърӯзаҳои ҷолиб, аз ҷумла дар бораи мотивҳои шарқӣ дар осори А. Бородин (Мухитдинова Д.), операи «Рӯдакӣ» дар саҳнаи Хуҷанд (Ҳамроева Т.), нақши оркестри камеравии Хуҷанд (Масаидова А.) ва осори Амон Ҳамдамов барои оркестри созҳои миллӣ (Асророва С.) суханронӣ карданд.
Ҷамъбаст:
Дар қисмати хотимавии конференсия миёни иштирокчиён ва маърузакунандагон мубоҳисаи илмӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Кумитаи тадорукот ба иштирокчиёни фаъол барои саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ Сертификатҳо тақдим намуд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ пагоҳ низ кори худро идома дода, масъалаҳои муҳимми соҳаи санъат ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
