Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вакилони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст.
Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.
Танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост.
Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.
Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.