Консерти идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ бо иштироки ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе консерти идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.
Дар ибтидо, ноиби ректор оид ба таълим Саъдулло Каримзода меҳмононро пазироӣ намуда, аз номи роҳбарияти Консерватория ҳамаи ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд.
Сипас, муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода табрикоти раиси кумитаро ироа намуда, ба ҷавонон фатҳи қуллаҳои нав ва муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нилуфар Каримзода дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон сухан намуда зикр кард, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад ва ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва кормандони фаъоли Консерватория аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Барномаи консертии идона, ки аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерватория омода гардида буд, хотири ҳозиринро болида гардонид.