Машқу тамринҳо баҳри солимгардонӣ
Субҳи 11-уми апрели соли 2026 бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ машқу тамринҳои пагоҳӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии муҳим, ки баҳри солимгардонии кормандон муҳим ва зарур аст, намояндагони тамоми зерсохторҳои вазорат, аз ҷумла, кормандони Консерваторияи миллӣ низ таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дастаҷамъона ва бо руҳи болида ширкат варзиданд.

