Идомаи шоми фалакхонӣ дар бахши «Фалаки Созӣ» дар Консерваторияи миллӣ
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи фалак
13 октябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ташаббуси факултети мусиқии суннатии тоҷик барномаи ҳунарии «Фалаки созӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи идомаи шоми фалакхонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи фалак доир гардида, дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб иштирок намуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб суханронӣ намуда, ба аҳаммияти ҳифзу гиромидошти мусиқии суннатии тоҷик ва нақши он дар муаррифии ҳувияти фарҳангии миллат таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки фалак ҳамчун яке аз жанрҳои қадимӣ ва арзишманди мусиқии суннатии тоҷик дар инъикоси эҳсосу андеша, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи маънавии мардум ҷойгоҳи хос дошта, ҳифзу рушди он аз вазифаҳои муҳими соҳаи фарҳанг ба шумор меравад.
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни барномаи консертии фестивали ҷумҳуриявии «Фалаксароён» таҳти унвони «Садои дил — 2026», ки бахшида ба "Рӯзи фалак" дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардида буд, дипломҳо тақдим гардид.
Дар бахши ҳунарии барнома омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва ансамбли факултети мусиқии суннатии тоҷик бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни фалаки созӣ маҳорати касбӣ ва имкониятҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, асарҳои мусиқии «Фалаки равона», «Сӯзи дил», «Рақси кӯза», «Фироқ», «Мавҷи панҷ», «Чашмаи зулол», «Насиҳат», «Шаршара», «Зарбҳои фалак», «Навои кӯҳсор» ва «Фалаки паррон» манзури ҳозирин гардонида шуданд.
Иҷрои асарҳои мазкур хусусиятҳои хоси фалаки созӣ, гуногунии зарбу оҳанг ва имкониятҳои ифодагарии ин жанри мусиқии миллӣро бозтоб намуда, маҳорати иҷрокунандагии омӯзгорону донишҷӯён ва таваҷҷуҳи насли ҷавонро ба омӯзишу идомаи анъанаҳои мусиқии суннатӣ инъикос кард.
Барномаи «Фалаки созӣ» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов қадами муҳим дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси мусиқии ниёгон ва тарғиби санъати асили миллӣ буда, ба гиромидошти фалак ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти фарҳангии тоҷикон мусоидат намуд.
