Маҳфили ёдбуд бахшида ба 100 – солагии Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳанифа Мавлонова

Posted Sat, 02/10/2024 - 14:37
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маҳфили ёдбуд бахшида ба 100 – солагии Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳанифа Мавлонова баргузор гардид.

Дар консерт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода Низомӣ Муҳриддин, директори коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқул Абдураҳмонзода Идрис, директори мактаб интернати миёнаи махсуси санъати Чумхуриявии ба номи Миратулло Атоев Давлатзода Баҳодур ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ибтидо ҳозирин навореро (аз хазина) оид ба фаъолияти пурсамари ин устоди ҳунар тамошо карданд.Сипас, ректори Консерватория Достизода Миралӣ меҳмонон ва ҳозиринро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки мақсад аз баргузории чунин силсилабарномаҳо ин поси хотири ҳунармандон ва устодони зиндаёди санъати мусиқии касбии тоҷик ва тарбияи ҷавонон дар ин ҷода мебошад.

Баъдан сухан ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода дода шуд. Муҳтарам Вазир дар баромади худ таъкид намуданд, ки нақши Ҳанифа Мавлонова дар рушди санъати мусиқии касбии тоҷик ва тарбияи шогирдон дар ҷодаи мусиқӣ беназир аст. Дар фарҷоми суханронӣ муҳтарам Вазир ба яке аз омӯзгорони ҷавону умедбахш, композитор Убайдзода Бахтиёр нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.

Сипас, барномаи консертӣ бо иштироки донишҷӯён ва устодон пешкаши ҳозирин гардид.