Оғози Фестивал-озмуни байналмилалии Шашмақом таҳти унвони "Ушшоқи Раҳмонӣ"

Posted Mon, 11/05/2026 - 08:54
By admin
Шашмақом

Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни байналмилалии Шашмақом таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, меҳмонон, аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Фестивали байналмилалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Шашмақом баргузор гардида, рӯзҳои 10–12 май идома хоҳад ёфт.

Зимни ифтитоҳи фестивал таъкид гардид, ки Шашмақом ҳамчун падидаи нодири ҳунари мусиқии классикии тоҷик дар тӯли асрҳо ташаккул ва рушд ёфта, дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа нақши муассир дорад. Ин мероси гаронбаҳо имрӯз ҳамчун шоҳасари фарҳанги башарӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии инсоният дар ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонӣ касб намудааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва рушди Шашмақом тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат Рӯзи Шашмақом таъсис ёфта, фаъолияти ансамблҳои мақомхонон ва тарғиби ин санъати асил дар сатҳи байналмилалӣ густариш пайдо кардааст.

Дар фестивал шашмақомхонон, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат аз Фаронса, Озарбойҷон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо барои ғолибони озмун 28 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, маросими ҷамъбастии фестивал 12 май дар Қалъаи Хуҷанд доир мешавад.