Нишасти матбуотӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Tue, 07/29/2025 - 15:57
By admin
Нишасти матбуотӣ

Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонем, ки тибқи " Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025", ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июли соли 2025 тасдиқ гардидааст, 1 августи соли 2025, соати 08:00 дар конфронс-толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (шаҳри Душанбе, кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзода-155), нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Барои маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди саволҳо метавонед ба Маркази иттилоотии Консерватория милии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов муроҷиат намоед.

Тел.: 227-60-29; 221-93-12, 112969393