Унвони фахрӣ муборак!

Posted Wed, 03/19/2025 - 18:30
By admin

Тибқи қарори мушовара (фармоиш)-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.03.2025, №322 6 нафар омӯзгорони ботаҷриби Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»қадрдонӣ шуданд.

Нишон ва шаҳодатномаи унвони фахрӣ имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Консерваторияи миллӣ ба омӯзгорон тақдим гардид.

Ҳайати омӯзгорону устодони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

  • Шарифзода Муҳаррама
  • Исоева Мунзифа
  • Давлатшоева Лутфия
  • Раҳимзода Шавкат
  • Қурбонов Оятулло
  • Исломов Нусрат

барои дарёфти мукофоти соҳавӣ муборакбод намуда, дар кору пайкор ва фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳо орзумандем.