Роҳнамоӣ ба сӯи таҳсилоти олии соҳавӣ
Тибқи фармоиши ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баҳри ҷалби хатмкунандагони мактабҳои миёнаи мусиқӣ ба таҳсил дар Консерваторияи миллӣ гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуданд ва ин гурӯҳҳо дар рӯзҳои муайян ба хатмкунандагони мактабҳои миёна ва махсуси мусиқӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев", Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқул, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо мақсади ҷалби довталабон ва касбинтихобкунии онҳо мунтазам корҳои ташвиқотӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар робита ба ин, рӯзи 14 апрел сардори раёсати таълими Консерваторияи миллӣ Қурбонов О.Б., декани факултети иҷрокунандагӣ Абдуллозода Эмомалӣ ва мудири кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор Нуруллоев Содиқ дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқул ва санаи 17- уми апрел и.в. дотсенти кафедраи созҳои халқӣ Матхолов Абдураҳмон дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ Исломов Нусрат дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо намояндагони Консерваторияи миллӣ ҷиҳати тарғиби дастовардҳо, раванди таҳсил дар ин мактаби олии мусиқӣ, муаррифии имконияту ихтисосҳо барои довталабон маълумотҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, оид ба шумораи ихтисосҳо ва шароити таълим дар Консерваторияи миллӣ низ сухан ронда, хатмкунандагони мактаб-интернатро ҷиҳати идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов роҳнамоӣ карданд.
Дар фарҷом як теъдод аз хатмкунандагони мактабҳои миёнаи мусиқии мазкур хоҳишмандии худро баҳри таҳсил дар Консерваторияи миллӣ иброз намуданд.
Мулоқотҳо дар фазои хуб ва ба ҳарду ҷониб судманд баргузор шуданд.
