Консерти маркази ҷашнвораҳои синамо ва барномаҳои байналмилалӣ
Бо ибтикори Маркази ҷашнвораҳои синамо ва барномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия санаи 16 апрели соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертии лоиҳаи “Русский язык: читаем, слушаем, смотрим” баргузор шуд.
Дар барномаи консертии мазкур Полешук Ирина (метсо-сопрано),Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Бурятия, овозхони Театри калони давлатии ФР, Александр Мурашов (тенор), овозхони Театри академии мусиқии шаҳри Маскав ба номи К.С. Станиславский ва В.И. Немирович-Данченко, овозхони Театри калони давлатии ФР Сергей Семёнов (фортепиано), консертмейстери Филармонияи Маскав ва Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо, беҳтарин консертмейстери сол, омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусии Донишгоҳи давлатии фарҳангва санъати Маскав иштирок намуданд.
Консерти мазкур хеле хотирмон ва ҷолиб доир шуд ва мавриди пазироии гарми ҳозирин қарор гирифт.

