Ҳафтаи илм: Технологияҳои муосири режиссураи овоз дар асри XXI
Имрӯз дар толори шурои олимони Консерваторияи миллӣ конференсияи илмӣ-амалии кафедраи режиссураи овоз таҳти унвони «Технологияҳои муосири режиссураи овоз дар асри XXI: навоварӣ, таҳлили раванд ва тамоюлҳо» баргузор гардид. Дар кори чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба илм Шарифзода Л.А., мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Назархудоев Н.Н., омӯзгорону донишҷӯёни кафедра иштирок намуда, аз ҷониби маърузачиён як қатор масъалаҳои муҳимми соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, и.в. дотсент Саидов Исматулло дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар такмили равандҳои муҳандисии садо» маърузаи ҷолиб пешниҳод намуд.
Раҷабов Фирӯз, мудири кафедра дар маърузаи худ «Аранжировкаи мусиқӣ дар шароити муосир: таҳлили муқоисавии усулҳои анъанавӣ ва зеҳни сунъӣ» масъалаҳои муқоисавии равишҳои суннатӣ ва муосирро таҳлил кард.
Маҳмудов Толиб, омӯзгори кафедра дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои нав дар режиссураи овоз» оид ба имкониятҳои технологияҳои муосир суханронӣ намуд.
Шарифзода Исохӯҷа, донишҷӯи курси якум дар маърузаи худ «Технологияи сабти рақамӣ ва муқоисаи он бо сабти аналогӣ» ҷанбаҳои техникии ҳар ду навъи сабтро баррасӣ кард.
Содиқзода Забеҳулло, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи «Таъсири технологияҳои рақамӣ ва нақши онҳо дар сабти садо» аҳаммияти рушди технологияҳои рақамиро шарҳ дод.
Ҳамчунин, Каримов Муҳаммад, донишҷӯи курси якум дар мавзуи «Аудиоинтерфейсҳои насли нав: технологияҳои инқилобӣ барои сабти садо дар соли 2026» маъруза намуда, тамоюлҳои навини ин соҳаро муаррифӣ кард.
Дар анҷоми конфронс байни маърузачиён ва иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои судманд баргузор гардида, аҳаммияти таҳқиқоти минбаъда дар самти режиссураи овоз ва баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар доираи васеъ таъкид карда шуд.

