Ҷаласаи васеъ оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Posted Fri, 05/06/2026 - 18:42
By admin
пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Санаи 2 июни соли 2026 дар толори конфронси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷаласаи васеъ оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баррасии фаъолияти яксолаи муассиса дар ин самт доир гардид.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Лутфулло, мушовири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои муаллиф Набизода Нуъмон, инчунин омӯзгорон, кормандони муассиса иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълим Аҳмадзода З.Ш. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва аҳамияти муборизаи дастҷамъонаро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия таъкид намуд.

Дар раванди ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ мавриди баррасӣ ва гузориш қарор гирифтанд. Дар бахши аввал муовини ректор Аҳмадзода З.Ш. дар баромади худ ҳисоботи муфассали фаъолияти яксолаи муассисаро, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ равона шудаанд, пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки дар давоми сол ҷиҳати таъмини шаффофият дар раванди қабули имтиҳонҳо, тақсимоти стипендияҳо ва фаъолияти молиявию хоҷагидории консерватория корҳои назаррас анҷом дода шуда, назорати дохилӣ устувор гардидааст.

Илова бар ин, мушовири Вазорати фарҳанг оид ба ҳуқуқҳои муаллиф Набизода Нуъмон суханронӣ намуда, дар мавриди оқибатҳои сангин ва нанговари коррупсионӣ, ки ба рушди ҷомеа ва обрӯю эътибори соҳаи маорифу фарҳанг латма мезананд, мулоҳизаҳои худро баён дошт. Ӯ таъкид кард, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Дар хотимаи ҷаласа таъкид гардид, ки раёсати консерватория минбаъд низ чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ҷоннок намуда, ҷиҳати ба куллӣ нест кардани заминаҳои коррупсионӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.