Идомаи имтиҳоноти аттестатсияи хатми магистрантон

Posted Sat, 06/06/2026 - 17:48
By admin
Нозияи Кароматулло

Имтиҳоноти аттестатсияи хатм дар бахши магистратура, ихтисосҳои сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ баргузор шуд. Дар имтиҳоноти мазкур хатмкунандагони ихтисоси сарояндагии эстрадӣ Муҳаммадрафии Кароматулло (роҳбари илмӣ: и.в. дотсент Шарифов Хушнуд), Нозияи Кароматулло (роҳбари илмӣ: д.и. санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат) ва Каримов Раҳматулло (роҳбари илмӣ: и.в. профессор Камолова Хосият), ихтисоси навозандагии эстрадӣ Ҳоҷиев Муродҷон (роҳбари илмӣ: и.в. дотсент Маҳмадов Алихон) ва Шокирзода Муҳаммад (роҳбари илмӣ: и.в. дотсент Маҳмадов Алихон) дараҷаи дониши илмии худро мавриди санҷиши ҳайати комиссияи аттестатсияи давлатии хатм қарор доданд. Боиси хушӣ аст ки магистрантони мазкур собит намуданд, ки давоми ду соли таҳсил дар Консерваторияи миллӣ зери роҳбарии устодони зикргардида дар таҳқиқу таҳлили мавзуъҳои илмӣ таҷрибаи зиёди илмӣ ва амалӣ андӯхтанд. Комиссияи аттестатсияи давлатии хатм рисолаҳои дипломи магистрантони хатмкунандаро бо баҳои “хуб ва“аъло” қадр намуд.