Таҷлили Рӯзи парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.
Барномаи ҷашн аз се бахш иборат буда, дар бахши тантанавӣ маърӯзаҳои устодони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ шунида шуд. Бахши дигар аз намоиши китобҳо таҳти унвони “Парчами миллӣ ифодагари манфиатҳои миллӣ” ва қисми сеюм аз барноми консертӣ иборат буд.
Сараввал, ноиби ректор оид ба илм д.и.п., профессори кафедраи ҷомеашиносӣ устод Латифзода Диловар Назришо дар сухани ифтитоҳӣ оид ба моҳият, нақш ва аҳаммияти Парчами давлатӣ дар ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон ва муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ сухан карданд. Зикр гардид, ки ҷойгоҳ ва нақши Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар баланд гаридида, махсусан ҳунармандон ва варзишгарон дар зери Парчами миллӣ ҳунарнамоӣ кардаву ба ин васила таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷикро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд. Дар фарҷоми суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ин рамзи соҳибистиқлолии давлатии тоҷик аст.
Баъдан, маърӯзаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ н.и.фал., и.в. профессор Камолова Хосият Қурбоналиевна дар мавзуи “Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Омӯзгори кафедраи мазкур Шарифи Ашӯр дар мавзӯи “Эҳтироми Парчам – эҳтироми миллат аст” маърӯза намуда иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Дар доираи барномаи ҷашнӣ ба якчанд донишҷӯёни фаъоли Консерватория, ки дар Ҳамоиши ҷавонон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон ширкат намуданд, Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Баъдан аз ҷониби устодону донишҷӯёни Консерватория барномаи консертӣ манзур гардид. Барномаи консертӣ хеле ҷолибу рангин шуд.