Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Санаи 11-уми апрели соли 2025 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маросими ҷоизасупорӣ барои қадрдонии омӯзгорону кормандон ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарин – 2024» ва мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ – 2025» баргузор гардид.
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Баҳодур Давлат чорабиниро ҳусни оғоз бахшид ва ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбӣ дар касбу фаъолият таманно намуданд.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ бешубҳа ба ҳавасмандгардонии донишҷӯён равона шуда, дар тарғиби варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ мусоидат хоҳад намуд.
Баъд аз маросими ҷоизасупорӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба, устодони санъати тоҷик, Файзалӣ Ҳасан, Мастона Эргашева, Исмоил Назриев, Содиқ Нуруллоев, Исматулло Холиқов ва Хуршед Иброҳимзода барномаи консертиеро пешкаши ҳозирин намуданд. Хурсандии кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар ҳадду канор надошт.