Консерти ҳисоботии хори донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ
Тибқи нақшаи баргузории консертҳои эҷодӣ ва ҳисоботии устодон ва омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, санаи 16 марти соли 2026, соати 11-00 дар толори калони Консерватория консерти ҳисоботии хори умумии Консерваторияи миллӣ ба ифтихори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тамоми алоқамандони консерти хори умумии Консерваторияи миллиро ба консерт даъват менамоем.
Барнома
- «Хор», аз операи «Рустам ва Суҳроб», оҳанги Талабхӯҷа Сатторов.
- «Вечерняя звезда», оҳанги Роберт Шуман.
- «Ворисон», шеъри Бозор Собир, оҳанги Саидқул Билолов.
- «Эх дороги», шеъри Лев Ошанин, оҳанги Александр Новиков.
- «Шаҳри ман», шеъри Исматуллои Нурзод, оҳанги Сангалӣ Ҳамидзода.
- «Забони тоҷикӣ», шеъри Муҳтарам Ҳотам, оҳанги Саъдулло Каримзода, такмили Бахтовар Давлатзода.
- «Насли Сомон», шеъри Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, оҳанги Шуҳрат Ашӯров.
- «Душанбе», шеъри Низом Қосим, оҳанги Бахтовар Давлатзода.
- «Пешвои миллат», шеъри Нурмуҳаммад Исҳоқӣ, оҳанги Шуҳрат Ашӯров.
