Ҳамкориҳои судманд
Вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни Консерватория бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 15 майи соли 2025 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита полковник Маҳмадзода Тоҷиддин ва мутахассиси маркази таълимӣ полковник Сулаймонов Абдукамол бо устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мулоқот намуда, дар мавзуи «Омӯзиши ёрии аввала ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода барои гурӯҳои ихтиёрии наҷотдиҳӣ дар сатҳи деҳа» суҳбат намуданд.