Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ соли 2003 таъсис ёфта, аввалин мудири кафедра аз соли 2003 то 2014 Ҷабборов Шариф буд. 

Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич аз соли 2014 то 2018 ва Мирзоев Воҳид Маҷидович аз соли 2018 то 2019 вазифаи мудирии кафедраро ба зимма доштанд.

Аз соли 2019 то ҳол мудири кафедра Камолова Хосият Қурбоналиевна мебошад.

Дар кафедра 11 омӯзгор фаъолият мекунанд, аз онҳо 3 профессор, 1 дотсент, 2 номзади илм, 2 омӯзгори калон ва 3 нафар асистент мебошанд.

Корҳои илмӣ-методӣ

Дар кафедра аз ҷониби омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ навишта шудаанд:, аз ҷумла: 

Камолова Х.Қ.:

«Рационализм и реализм Зороастрийской политической этики». “Вестник науки”  № 3(72) т.4 ISSN 2712-88-49. ( г. Тольятти, Россия) 24 марта  2024 г. – С. 281-295. 579. 2024 г.

«Равшании ақл ва покии нафс андар ахлоқи Ибни Сино//Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ дар мавзуъи  «Нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият». Душанбе, 2025. – С. 260-266.

Латифзода Д.Н.:

Тенденции музыкального образования в Республики Таджикистан: вопросы традиций и современного развития //Анъана ва инноватсия дар таълими санъат ва педагогикаи замонавӣ: таҳқиқот ва роҳҳои ҳалли он” (20-23 майи соли 2025). Бухоро, 2025.   – С. 329-355. (дар ҳаммуаллифӣ). 

Патриотическое воспитание молодёжи средствами социиально-культурной деятельности в условиях незавимости //Россия – Таджикистан –Узбекистан:Образование   Великой отечестной войне 1941-1945 г.г.: Сб.мат.-лов междунар. научн.-практ. конф. и культ-истор. форума. Душанбе, 2025. – С. 179-190. (в соавторстве) ва ғ.

Мирзоев В.М.:

Китоби таълимии «Тарбияи сиёсӣ ва психологияи ҳарбӣ» бо ҳаммуаллифии Абдураҳмонзода Раҷамад Ашур ба чоп расид.

Асрорӣ Мирзошоҳрух:

«Масъалаҳои методологияи рисолаи Ҳамдам Муъминҷонов дар бораи Турон» дар маҷалаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз». Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ. - № 4, 2025. – С. 139-147.

«Масъалаҳои адаб ва фазилати инсон дар таълимоти иҷтимоӣ ва ахлоқии Ибни Сино» дар симпозиуми байналмилалӣ «Саҳми Ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ». 4-5 ноябри соли 2025. – С. 666-676.

Маҷидов Д.Ҳ.:        

Худшиносӣ дар афкори антропологии Ибни Сино//Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Нақши Ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият». Душанбе 2025 – С. 253-260.

Абурайҳон Берунӣ ва рушди улуми табиатшиносӣ дар Шарқ//Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии «Нақши Ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият». Душанбе 2025. – С. 253-260.

Иштирок дар семинар, мизи мудаввар ва конференсияҳо

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ ҳамасола дар робита ба санаҳои муҳими давлатӣ ва иҷтимоию сиёсӣ семинар, мизи мудаввар ва конференсияҳо баргузор мекунад,  аз ҷумла дар соли таҳсили 2025-2026 кафедра фаъолияти хуб дошта, панҷ конференсияи илмиро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, санаи 30-юми октябри соли 2025 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ мизи мудаввари кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ зери унвони «Нақши Конститутсия дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд» бахшида ба «Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки раёсати Консерватория, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Санаи 13-уми ноябри соли 2025 мизи мудаввар зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат, меъмори Тоҷикистони навин» бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамчунин, 20-уми ноябри соли 2025 дар толори калони Консерваторияи миллӣ барномаи ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсати Консерватория, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. 

Фаъолияти илмии кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии Консерватория аз рӯи нақшаи кории кафедра ба роҳ монда шуда, ҳайати омӯзгорони кафедра дар тамоми чорабиниҳои илмии Консерваторияи миллӣ бо маърузаҳо баромад мекунанд ва ҳамчунин бо навиштани мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои илмию методӣ дар пеш бурдани фаъолияти илмию эҷодии Консерватория саҳми муносиб мегузоранд.


Мудири кафедра Камолова Хосият Қурбоналиевна

Камолова Хосият Қурбоналиевна

Солҳои 1989-1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, ихтисоси педагогика ва психология  таҳсил намудааст. 

Аз аз моҳи сентябри соли 2019 ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.

Номзади илмҳои фалсафа, иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумот барои тамос:
Телефон: (+992) 918-659-061
E-mail: 


Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳо аз ҷумлаи кафедраҳои умумии Консерватрия буда, баробари ин боргоҳи илму ҳунар ташкил шудааст. Вазифаи асосии кафедра асосан таълими забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва итолиёӣ), адабиёти тоҷик ва назмшиносӣ ба донишҷӯёни соҳаи мусиқӣ мебошад. Аз замони оғози фаъолият кафедраро Келимбетова Гулсанам (2003-2009), Саъдиева Гулистон   (2010-2014), Назаров Сергей Холматович (2014- 018), Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич (2018- 2020), Шарифзода Лутфулло Абдулло (2020-2025) роҳбарӣ намудаанд ва алҳол сарварии кафедраро Вализода Шабнам Ҳабибулло аз моҳи марти соли 2025 ба зимма дорад. Кафедраи забонҳо дар Консерватрия дар баробари дигар кафедраҳо саҳми назаррас дошта, баҳри беҳбудӣ ва устувории ҷанбаҳои потенсиалӣ пайваста талош меварзад. Аз замони оғози фаъолияти кафедра устодони соҳибтаҷриба Аҳмадҷон Сангинов (устоди алифбои ниёгон), Г. Гелимбетова (омӯзгори забони русӣ), С. Ғаффорова (омӯзгори забони тоҷикӣ), З. Алибекова (омӯзгори забони фаронсавӣ), С. Мирзоев (омӯзгори забони тоҷикӣ), Г. Саъдиева (омӯзгори забони англисӣ) ва дигарон шомил буданд, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм гузоштаанд.

 Ҳоло кафедра аз рӯйи 9 фан дарсҳоро ба роҳ монда, дар се факултет дар курсҳои якум, дувум ва сеюми шуъбаҳои рӯзонаву фосилавӣ таълим медиҳад.  Миқдори умумии соатҳои кафедра тақрибан 3 ҳазорро ташкил дода, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар кафедра 7 устоди доимӣ (штатӣ) – 2 нафар номзади илм, муаллими калон, 2 нафар муаллими калон, 2 нафар ассистент ва як нафар лаборант фаъолият менамоянд. Тамоми машғулиятҳо амалӣ буда, шакли назорати фаъолияту давомоти донишҷӯён дар низоми таҳсилоти кредитӣ бо чор санҷиш (рейтинг) ва  дар низоми таҳсилоти анъанавӣ бо ду имтиҳон тариқи шифоҳӣ амалӣ карда мешавад. Ҷанбаи илмии кафедра низ дар се соли охир пурқувват шуда, ду нафар омӯзгорони кафедра (Шарифзода Л.А. ва Саидзода Р.С.) дар соли таҳсили 2022-2023 рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд. Айни ҳол як нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорад ва боз се нафар аз рӯйи мавзуъҳои илмӣ таҳқиқ бурда истодаанд. Ҳамзамон устодони кафедра барои самаранок суръат бахшидани таълиму тарбия ба навиштани мақолаҳои илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои илмию методӣ машғул мебошанд, аз ҷумла, китоби О. Қурбонов «Забони тоҷикӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо Каримов Н.С.) ва беш аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавиро ба табъ расонидаанд.             

Вализода Шабнам Ҳабибулло

Мудири кафедра Вализода Шабнам Ҳабибулло

Солҳои 2011-2016 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҳсил намудааст.

Аз 1-уми марти 2025 ба ҳайси мудири кафедраи забонҳо  фаъолият мекунад.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС:

Тел.: 221-35-32; 988-270-293