Консерти мусиқии фортепианоӣ
Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллӣ консерти иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи фортепианои тахассусӣ, лауреати озмунҳои байналмилалӣ Хосият Олимова бо иштироки меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барпо гардид.
Дар консерт асарҳои мураккаби мусиқӣ, аз ҷумла сонатаҳои оҳангсозони маъруф Талабхӯҷа Сатторов, Толибхон Шаҳидӣ, Дамир Дӯстмуҳаммадов ва пиесаи консертии «Шамол» (муаллиф Хосият Олимова) аз ҷониби якканавоз Хосият Олимова бо маҳорати баланд иҷро гардид.
Консерт аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.