Ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Thu, 04/04/2024 - 18:27
By admin

3-юми апрели соли 2024 ректори Консерватория Миралӣ Достизода, директори филиали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қарақалпокистон Алланбаев Рудаки Оринбаевич, дирижёри оркестри созҳои халқӣ профессор Раҷабов Ҳикмат Ҷумаевич ва омӯзгори кафедраи мусиқишиносии муассисаи мазкур, Чаршемов Ҷамил Аллабердиевичро ба ҳузур пазируфт.

Дар ибтидо, Миралӣ Достизода дар бораи таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар сухан гуфта, изҳор намуд, ки ҳадафи асосии мо тарбия кардани мутахассисони соҳибкасб буда, барои ҳамкориҳои тарафайн дар ин ҷода ҳамеша омодаем.

Дар навбати худ, профессор Алланбаев Рудаки изҳор дошт, ки халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадим дӯсту бародар буда, дар байни фарҳанг ва санъати худ тафовуте надоранд. Аз ин рӯ, роҳандозии ҳамкории тарафайн, хоссатан бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти муассисаи навтаъсиси онҳо хеле манфиатовар хоҳад буд. Маврид ба зикр аст, ки байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи Нукус моҳи январи соли равон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд ва ин ташрифи меҳмононро қадамҳои нахустин дар роҳи амалисозии нақшаҳои дар шартнома пешбинишуда арзёбӣ кардан мумкин аст.

Пас аз мулоқот бо ректор меҳмонон ба кор шуруъ намуданд. Нахуст, аз оркестри созҳои халқии донишҷӯёни Консерватория дидан намуда, якчанд номераҳои консертиро дар иҷрои донишҷӯён шуниданд. Сипас, оркестри мазкур таҳти роҳбарии профессор Раҷабов Ҳикмат Ҷумаевич якчанд асарҳои тоҷикӣ ва ӯзбекиро иҷро кард.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 5-уми апрел консерти муштараки оркестри созҳои халқии Консерваторияи милии Тоҷикистон бо роҳбарии дирижёр, профессор Раҷабов Ҳикмат Ҷумаевич ба нақша гирифта шудааст, ки он албатта барои донишҷӯёни мо таҷрибаи хеле калон хоҳад шуд.

Ҳамчунин, профессор Алланбаев Рудаки дар дарси кушоди устодони кафедраи сарояндагии академӣ, дотсент Содиқ Нуруллоев ва омӯзгори калон Исоева Мунзифа иштирок намуд.