Табрикоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бахшида ба Рӯзи дониш

Ҳамватанони арҷманд, устодони муҳтарам, донишҷӯёни азиз!
Ба ифтихори 1-уми сентябр – Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026, ҳамаи шуморо самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳои беназир дар ҷодаи илму ҳунар орзу менамоям!
Имрӯз, бо ифтихор донишҷӯёни навро, ки бо муваффақият ба яке аз муассисаҳои бонуфузи кишвар – Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов – шомил гардидаанд, табрик мегӯем. Шумо вориди даргоҳи ҳунаре гардидаед, ки дар он илму ҳунар бо тарбияи шахсиятҳои эҷодкор, ватандӯст ва фарҳангсоз ҳамбастагӣ доранд.
Консерваторияи миллӣ мактаби ҳақиқии фарҳанг, маърифат ва ҳунар аст. Фазои созандаи таълим ва муҳити мусоиди эҷодӣ барои рушди ҳамаҷонибаи шумо муҳайёст. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо имкон медиҳад, ки ҳар яке аз шумо шахсияти шоиста ва меъмори фардои фарҳанги миллӣ гардед.
Мо бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рушди маориф ва фарҳанг сиёсати хирадмандонаро пеш мебарем ва кӯшиш менамоем, то шароити омӯзишу эҷод дар сатҳи баланд фароҳам бошад.
Бо ин ниятҳои нек ба устодони меҳнатдӯст ва донишҷӯёни пурғайрат оғози соли нави таҳсилро муборакбод гуфта, барои ҳар яки шумо баракат дар зиндагӣ, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои тоза орзумандам.
Соли нави таҳсил муборак!