Арҷгузорӣ ба нигоҳдорони мусиқии асили тоҷик

Posted Sat, 02/28/2026 - 20:32
By admin
Давлатманди Хол

Бо ибтикори роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, дар факултети мусиқии суннатии тоҷик иқдоми наҷиби навсозии гӯшаи хотираи устодони барҷастаи санъат амалӣ гардид.

Аксҳои устодони бузург

​Аксҳои устодони бузурге, ки умри худро сарфи эҳё ва рушди мусиқии суннатии мо кардаанд, бо сифати баланд навсозӣ ва дар деворҳои факултет овехта шуданд. Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба гузаштагон, балки як дарси садоқат ва эҳтиром барои насли ҷавони ҳунармандон мебошад.

​Ҳунар зинда асту ҳунарманд — ҷовидон!