Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ хизмат ба Ватан-Модарро ба худ шараф меҳисобанд
Ватан, Меҳан-муҳимтарин ва азизтарин ибораест, ки ҳар як сокини мамлакат онро бо ифтихор ба забон меорад ва меҳри онро дар дил мепарварад. Мо ҳама, хурду бузург фарзандони Ватани азизамон-Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳастем ва баҳри ҳифзи марзу буми он ва ободу зебо гардонидани он масъулият бар дӯш дорем.
Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди кишвари азизамон аст ки ба синни адои ин қарзи шариф дар назди халқу Ватани худ расидааст. Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки ҷавонони бонангу номӯси мо чун фаро расидани айёми сафарбарӣ ба сафи нерӯҳои Артиши миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, қарзи худро бошарафона ва бо сари баланд адо менамоянд.
Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар сафи пеши чунин ҷавонони ватандӯст қарор доранд ва хизмат ба Ватан-Модарро ба худ шараф меҳисобанд.
Имрӯз чанд тан аз донишҷӯёни Консерваторяи миллӣ, ба мисли Ниёзбеков Аҳмад Арабшоевич - ихтисоси сарояндагии анъанавӣ, Шорасулов Диловаршо Музаффарович - ихтисоси режиссура (ороиши овоз), Зокиров Зокир Ибодуллоевич – ихтисоси режиссура (ороиши овоз) ва Холмуродов Толибҷон –ихтисоси асбобҳои нафасӣ (созҳои оркестрӣ) бо сари баланд баҳри адои хизмат дар назди Ватани азизи хеш сафарбар гардиданд.
