Консерти синфӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Mon, 12/29/2025 - 20:51
By admin
Консерти синфӣ

29-уми декабри соли 2025, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти синфии омӯзгорони кафедраи сарояндагии анъанавӣ — дотсент Каримзода Саъдулло ва омӯзгори калон Бурҳонов Манучеҳр баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ дотсент Каримзода Саъдулло ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин консертҳои синфӣ пеш аз ҳама тақвият бахшидани маҳорати сарояндагии донишҷӯён, рушди таҷрибаи саҳнавии онҳо ва ошно намудани шогирдон бо нозукиҳои ҳунарнамоӣ дар назди тамошобинон мебошад.

Барномаи консертӣ аз 8 суруд иборат буда, донишҷӯён бо маҳорати хос, ҳисси баланди масъулият ва завқи ҳунарӣ асарҳоро иҷро намуда, маҳорати касбии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар консерт устодони варзидаи санъати тоҷик — профессор Файзалӣ Ҳасан, Саидқул Билолов, Мастона Эргашова, Исмоил Назриев, Баҳодур Неъматов, инчунин кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ устодони таҷрибадида Файзалӣ Ҳасан, Саидқул Билолов, Мастона Эргашова ва Исмоил Назриев доир ба сатҳи баланди баргузории консерти синфӣ ибрози андеша намуда, ба ҳамаи иштирокчиён, бахусус ба дотсент Каримзода Саъдулло ва омӯзгори калон Бурҳонов Манучеҳр, барои заҳматҳои пурсамарашон изҳори сипос карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки маҳсули заҳмати омӯзгор имрӯз дар саҳна ҳунарнамоӣ кардани шогирдон буда, чунин чорабиниҳо дар омода намудани мутахассисони касбӣ нақши муҳим доранд.

Сурудҳои иҷрогардидаи шогирдони Каримзода Саъдулло ва Манучеҳр Бурҳонов бо мазмун, оҳанг ва иҷрои рангину ҷолиб фарқ карда, аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои самимӣ истиқбол гардиданд.