Ҳафтаи илм: Конференсияи муассисавии магистрантони Консерваторияи миллӣ
Нимаи дуюми имрӯз, 22-юми апрели соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамоиши илмии сатҳи баланд — Конференсияи муассисавии магистрантон баргузор гардид. Ин чорабинии муҳимми илмӣ, ки ба «Рӯзи илми тоҷик» бахшида шуда буд, аз ҷониби магистрантони муассиса бо масъулияти баланд доир гардида, таҳти раисии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филология Шарифзода Л.А. ҷараён гирифт. Ҳамоиши мазкур заминаи мусоидеро барои муаррифии аввалин қадамҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва баррасии масъалаҳои мубрами санъатшиносии муосир фароҳам овард.
Қисмати ифтитоҳии конференсия бо сухани ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессор Давлатзода Б.Д. оғоз гардид. Ректор зимни баромади худ иштирокчиёнро ба муносибати «Рӯзи илми тоҷик» табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷалби магистрантон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои стратегии фаъолияти муассиса мебошад. Мавсуф иброз дошт, ки насли ҷавони ҳунарманд, ки ба таҳқиқи илмӣ машғул мешаванд, бояд бо истифода аз таҷрибаи устодони бузург ва технологияҳои нави асри XXI, дар ҳифзу тарғиби мероси мусиқии миллат саҳми босазо гузоранд. Ин паёми созанда ба кори конференсия руҳияи тоза бахшида, магистрантонро ба муҳокимаҳои ҷиддии илмӣ раҳнамун сохт.
Дар раванди конференсия маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ пешниҳод гардиданд, ки доираи васеи мавзуъҳоро фаро мегирифтанд. Масъалаҳои инноватсионӣ ва таълимӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, маърузаҳои Шодиев Ҳ.А. доир ба низоми муосири магистратура ва докторантураи PhD ва Назархудоев Н.Н. оид ба нақши Зеҳни сунъӣ дар мусиқӣ баҳсҳои ҷолибро ба миён оварданд. Ҳамзамон, ҷанбаҳои таърихӣ ва назариявии мероси композиторони тоҷик, аз ҷумла Ёқуб Сабзанов, Толиб Шаҳидӣ ва мутрибу оҳангсоз Рустами Абдураҳим дар пажӯҳишҳои Иброҳимзода М.Р., Қодирова К.Б. ва Юсуфзода А. аз дидгоҳи тоза таҳлил гардиданд. Ташаккули аввалин жанрҳои касбӣ дар эҷодиёти композиторони тоҷик аз ҷониби Лутфуллои Раҳматулло мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз ҷустуҷӯҳои илмии магистрантон дарак медод.
Пажӯҳишгарони ҷавон, инчунин ба масъалаҳои мусиқии суннатӣ, эстрадӣ ва созшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Суханрониҳое дар мавзуи «Фалаки кӯлобӣ» аз ҷониби Шарифов С., таърихи мусиқии эстрада аз тарафи Каримов Р.С. ва инчунин методикаи овозхонӣ ва созҳои нафасию зарбӣ дар маърузаҳои Қаҳҳоров Ф.И., Давлатзода М.Б., Пиров А. ва Узоқов М.Н. ба таври муфассал инъикос ёфтанд. Ҳамаи суханрониҳо нишондиҳандаи он буданд, ки магистрантони Консерватория на танҳо дар иҷрокунандагӣ, балки дар соҳаи назария ва омӯзиши мусиқӣ низ соҳиби донишу малакаи зарурӣ мебошанд.
Дар қисмати ҷамъбастии конфронс, маърузакунандагон барои саҳми фаъол дар кори конфронс ва маърузаи шогирдона аз ҷониби роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо сертификатҳо қадрдонӣ гардиданд. Ин эътирофи илмӣ масъулияти магистрантонро дар пешрафти илмии муассиса дучанд намуда, заминаи мусоидро барои таҳқиқотҳои ояндаи онҳо дар зинаи баъдӣ фароҳам меорад. Чорабинӣ бо муваффақият ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, аз фаъолияти хуби шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Консерваторияи миллӣ шаҳодат медиҳад.
