Ҳафтаи илм: Мизи мудаввари кафедраи мутрибони анъанавӣ
Дар идомаи кори конференсияи илмӣ-амалӣ ва Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллӣ, имрӯз - 21-уми апрели соли 2026, соати 13:00 мизи мудаввари кафедраи мутрибони анъанавӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра, муовини ректор оид ба илм, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ масъалаҳои мубрами санъати навозандагиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.
Аз ҷумла, маърузаи Давлатов Қурбон дар мавзуи «Ҳунари иҷрокунандагии Моҷон Назардодова» ба таҳқиқи ҷанбаҳои иҷрокунандагии ҳунарманди мазкур бахшида шуд.
Одиназода Солеҳ дар мавзуи «Саҳми эҷодии Ғаффор Каримов дар рушди санъати таблакнавозӣ» нақши эҷодии ин ҳунармандро дар пешрафти анъанаҳои таблакнавозӣ баррасӣ намуд.
И.в. дотсент Ҷӯраев Сироҷиддин дар маърузаи худ «Хусусиятҳои сохторӣ ва иҷрокунандагии оҳанги “Қӯштор” дар анъанаи дуторнавозӣ» паҳлуҳои назариявӣ ва амалии ин оҳангро таҳлил кард.
Ҳамчунин, Сабзалиев Сайдалӣ дар мавзуи «Саҳми Абдусалом Раҳимов дар рушди мусиқии суннатии тоҷик» доир ба нақши ин ҳунарманд дар ғанигардонии мероси мусиқии миллӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба ҳифз ва рушди анъанаҳои навозандагии миллӣ мавриди баррасии густурда қарор гирифтанд.
