Хушхабар

Posted Fri, 02/06/2026 - 18:30
By admin
Қосимова Фирӯза,  Маликова Муаттар

Омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусӣ Қосимова Фирӯза Шодимоновна бо шогирди худ Маликова Муаттар-шунавандаи соли дувуми шуъбаи тайёрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар озмуни байналмилалии ба номи И.В. Стравинский, ки 31-уми январи соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур шогирди омӯзгор Қосимова Ф.Ш. Маликова М. барандаи ҷойи якум гардида, бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Қосимова Ф.Ш. барои “Маҳорати касбӣ ва омодагӣ ба озмуни байналмилалии санъат ва маҳорати иҷроия бо истифодаи захираҳои электронӣ ва технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ” баҳри омодасозии истеъдодҳои ҷавону болаёқат бо Сипоснома қадр карда шуд.

Международный музыкальный конкурс, посвященный И.Ф. Стравинскому

Ғолибонро бо ин дастоварди бузург дар роҳи санъати асил табрик гуфта, ба Қосимова Ф.Ш. дар роҳи эҷодӣ ва тарбияи шогирдони ҷавону болаёқат барору комёбиҳо таманно дорем.