Хушхабар!
Омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусӣ Қосимова Фирӯза Шодимоновна бо шогирди худ Маликова Муаттар - донишҷӯи курси омодагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар 17-умин озмуни сатҳи баланди байналмилалии ба номи С.И. Савшинский, ки аз 10-уми феврал то 15-уми марти соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор шуд, иштирок намуданд. Озмуни ба номи С.И. Савшинский - ин мусобиқаи махсуси академикӣ мебошад, ки ба маҳорати амиқи иҷрои асбобҳои мусиқӣ равона шудааст. Ҳайати ҳакамон аз устодони эътирофшуда (профессорони консерваторияҳо) иборат аст, ки нозукиҳои иҷрои онро баҳогузорӣ мекунанд. Ҷоизадорӣ дар ин ҷо пеш аз ҳама эътироф дар ҷомеаи касбии мусиқӣ мебошад.
Дар озмуни мазкур шогирди омӯзгор Қосимова Ф.Ш. Маликова М. аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо дипломи Лауреати ҷоизаи II сарфароз гардонида шуд. Қосимова Ф.Ш. “барои омодасозии муваффақонаи иштирокчии озмун” бо Дипломи ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии мазкур қадр карда шуд.
Ғолибонро бо ин дастоварди бузург дар роҳи санъати асил табрик гуфта, ба Қосимова Ф.Ш. дар роҳи эҷодӣ ва тарбияи шогирдони ҷавону болаёқат барору комёбиҳо таманно дорем.
