Конференсияи ҷамъбастии ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллӣ

Posted Fri, 24/04/2026 - 16:03
By admin
Конференсияи ҷамъбастии ҳафтаи илм

Санаи 24 апрели соли 2026 дар толори шурои олимони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки ҳамчун ҷамъбасти Ҳафтаи илм баргузор гардид, ба анҷом расид.

Бахши ниҳоии конференсия таҳти раисии иҷрокунандаи вазифаи дотсент Маҳмадов А. доир гардида, дар он масъалаҳои муҳимми марбут ба рушду таҳаввули санъати мусиқии эстрадӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар кори чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба илм Шарифзода Л.А., декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ Исломов Н.Қ., мудирони кафедраҳо Қаҳҳоров Ф., Ҳақназарзода Ф., мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Назархудоев Н.Н. ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни ин соҳа буданд. Аз ҷумла, Маҳмадов А. ба масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули мусиқии эстрадӣ ҳамчун як жанри муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Исломов Н.Қ. саҳми Консерваторияи миллии Тоҷикистонро дар рушди ин навъи санъат мавриди таҳлил қарор дод.

Раҷабов Ф., докторанти PhD, равандҳои таърихӣ ва вижагиҳои эҷодии мусиқии эстрадиро ҳамчун падидаи фарҳангӣ баррасӣ намуд. Ашӯров А.Б. марҳалаҳои рушди мусиқии эстрадиро дар солҳои 80-уми асри гузашта таҳлил кард, дар ҳоле ки ба хусусиятҳои рушди ин соҳа дар солҳои 90-ум Ҳақназарзода Абдуқосим рӯ овард.
Ҳамчунин, Каримов Р. саҳми эҷодии Исматулло Холиқовро дар пешрафти мусиқии эстрадии тоҷик мавриди омӯзиш қарор дод. Донишҷӯи курси дуюм Меликов Я. бошад, нақши роҳбари мусиқиро дар ташаккул ва рушди фаъолияти эҷодии оркестр шарҳ дод.

Дар қисмати ниҳоии конференсия миёни маърузакунандагон ва ҳозирин мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб доир гардида, масъалаҳои муҳокимашуда аз дидгоҳҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Дар фарҷом ба иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон дар кори конференсия сертификатҳо тақдим гардиданд.
Бо ҳамин, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ҳамчун ҷамъбасти Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба анҷом расид.