Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба наврӯзи байналмилалӣ

Posted Tue, 03/26/2024 - 18:20
By admin

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯзи 20 марти соли 2024 бахшида ба ҷашни Наврӯз конференсияи илмӣ-адабӣ зери унвони «Арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ» ташкил ва баргузор гардид.

Дар конференсия чанд ҷанбаи ҷашни Наврӯз, аз қабили масъалаҳои консептуалии таҷлили ҷашн дар шароити байналмилалӣ гардидани он, таҷлили иди Наврӯз дар оини бостон, истифода ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар иди Наврӯз, тавсиф ва тобишҳои маъноии вожаи «Наврӯз» дар ашъори шоирон ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҷониби маърузачиён Диловар Латифзода, Зоҳид Абдулҳаев, Лутфулло Шарифзода ва Оятулло Қурбонов мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар хотимаи конференсияи илмӣ-адабӣ донишҷӯёни факултетҳои мусиқии суннати тоҷик, иҷрокунандагӣ ва санъати мусиқии эстрадӣ аз ашъори шоирон шеърҳо дар васфи Наврӯз қироат карданд.

Дар музокира зикр гардид, ки Наврӯз аслан ҷашни зиндагисоз, эҳёи табиат, алоқаманд бо инсон, падидаи зебоипарастӣ, воситаи хурсандӣ, эҷодкорӣ ва ободӣ буда, воқеан ҳам ҷашни мардумист ва устодони мусиқии мо дар гузашта барои дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтани ин иди бузург оҳангҳои зебову дилнишин ва пуршӯру ҳаяҷоне офаридаанд, то рӯзгори хешро бо шодию хуррамӣ омезиш диҳанд. Пас, моро зарур аст, ки ҳамчун муассисаи олии касбии мусиқӣ он оҳангҳои зеборо дар асоси рисолаҳои мусиқӣ, ки аз асрҳои миёна боқӣ мондаанд, дубора зинда карда, ба зиндагии имрӯз ворид созем