Рӯнамоии куллиёти устод Турсунзода

Posted Sat, 12/13/2025 - 12:04
By admin
Мирзо Турсунзода

Дар толори Раёсати АМИТ маросими рӯнамоии шашҷилдаи Куллиёти устод Мирзо Турсунзода дар маҳфили "Хирад" бо иштироки васеи донишмандон, муҳаққиқон ва дӯстдорони адабиёти тоҷик баргузор шуд. Чорабинӣ ба як маҳфили пуршукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ табдил ёфт, ки дар он аҳли илму адаб аз ҷойгоҳи устод Турсунзода дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, нақши эҷодиёти ӯ дар ташаккули ҳувияти фарҳангии тоҷикон ва аҳамияти нашри нави ин куллиёт сухан гуфтанд.

Барномаи фарҳангии маҳфилро омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон идома бахшида, бо иҷрои зиндаи ашъори устод Мирзо Турсунзода ба фазо ранги тоза ва оҳанги илҳом бахшиданд. Суруду шеърхониҳои онҳо рӯҳи эҷодии шоирро эҳё намуда, маҳфилро ба як саҳнаи зиндаи арҷгузорӣ ба мероси адабӣ табдил доданд.

Рӯнамоии ин нашри пурмуҳтаво қадами муҳиме дар таҳқиқ, тарғиб ва ҳифзи осори устод Мирзо Турсунзода арзёбӣ гардид. Иштирокдорон изҳор доштанд, ки нашри шашҷилдаи куллиёт барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳар дӯстдори адабиёт ҳамчун як манбаи шигифтангезу мутабар хидмат хоҳад кард.